ФИФА қоидаи равзанаи трансфериро дигар мекунад

ФИФА қоидаи равзанаи трансфериро дигар мекунад

ФИФА омодааст, ки бо клубҳои футбол равзанаи трансферии бозигаронро мавриди барасӣ қарор дидаҳд ва ба дигар вақт гузаронад. Тибқи иттилои The Telegraph агар дастаҳои футбол розӣ бошанд, пас мавсими гузаришҳо то моҳи январи соли 2021 идома мекунад.

Ба ақидаи ФИФА танҳо ин роҳ метавонад ба клубҳои футбол имконият диҳад, ки ба буҳрони молявӣ гирифтор нашаванд, бо иллати хуруҷи вируси карона мусобиқаҳо боз дошта шудаанд ва кай баргузор мешаванд маълум нест. ФИФА дар рӯзҳои наздик бо намояндагони клубҳои футбол дар ин масъала гуфтушин анҷом медиҳанд ва бархе аз тимҳо аллакай ба ин пешниҳод розӣ шудаанд.

Интизор меравад, ки мавсими гузариши бозигарон тобистон гарм нахоҳад шуд, зеро клубҳо зарари калони иқтисодӣ дидаанд. Бо назардошти ин масъала ФИФА иҷозат медиҳад то онҳо то моҳи январи соли оянда футболбози навро ба қайд бигиранд.