FIFA тӯби расмии Ҷоми ҷаҳонии футбол миёни бошгоҳҳоро дар соли 2023 муаррифӣ кард

FIFA  тӯби расмии Ҷоми ҷаҳонии футбол миёни бошгоҳҳоро дар  соли 2023  муаррифӣ кард

Аз 11-ум то 22-юми декабр дар Арабистони Саудӣ Ҷоми Ҷаҳонии футбол миёни бошгоҳҳо доир мегардад. Дар ин мусобиқа ҳафт даста «Флуминенсе», «Манчестер Сити», «Урава Ред Даймондз», «Леон», «Ал-Аҳли», «Окленд Сити» ва «Ал - Иттиҳод» ширкат меварзанд.

Дар соли 2022 ғолиби Ҷоми Ҷаҳонии футбол миёни бошгоҳҳо дастаи “Реал Мадрид”-и Испания буд, ки дар финал муқобили тими “Ал-Ҳилол” –и Арабистони Саудӣ (5:3) пирӯзӣ ба даст оварда буд.

Барои дастаи шаҳри Мадрид ин пирӯзӣ панҷумин дар ин мусобиқа буд. Ҳеҷ кадом даста бештар аз бошгоҳи шаҳри Мадрид ин ҷомро ба даст наовардааст. Дар ин мусобиқа тими “Барселона” се бор, дастаҳои “Коринтианс” ва “Бавария” ду бор пирӯз шудаанд. «Ливерпул», «Челси», «Интернасйонал», «Манчестер Юнайтед», «Сан-Паулу», «Милан» ва «Интер» як маротибагӣ ҷоми мусобиқаро ба даст овардаанд.