Фикри Кроос дар бораи гузариши Алаба ба “Реал”

 Фикри Кроос дар бораи гузариши Алаба ба “Реал”

Тони Кроос оиди овозаҳо дар бораи гузариши ҳимоятгари “Бавария” Давид Алаба ба “Реал” фикру андешаи худро баён кард.

“Барои он, ки ту даъвати “Реал”-ро сазовор бошӣ, бояд дар ҳақиқат хуб ҳунарнамоӣ кунӣ ва ба як қатор талаботҳо ҷавобгӯ бошӣ. Бояд ҳатто дар ҳолатҳои мушкил, вақте корат барор намегирад, барои рақобат кардан омода бошӣ. Барои бозӣ кардан дар “дастаи шоҳона” танҳо футболбози хуб будан кам аст. Мушкилии асосӣ дар он аст, ки ман бо Алаба 7 сол мешавад, ки бозӣ накардаам. Бинобар ин оиди фикру ақидааш хабари кофӣ надорам. Шунидам, ки дастаи мо бо ӯ гуфтушунид гузаронида истодааст. Аммо дар ин бора маълумоти пурра надорам.

Фикр мекунам, ки футболбози дараҷаи “Бавария” бешубҳа сазовори бозӣ кардан дар “Реал” аст. Мебинам, канӣ чӣ рух медиҳад”, – гуфт Тони Кроос.