Финали 5,5-соата - Алкарас бар Синнер ғалаба карда, қаҳрамон шуд!

Финали мусобиқаи бузурги теннис дар Фаронса ба як рӯйдоди воқеан таърихӣ табдил ёфт! Ракеткаи дуюми ҷаҳон аз Испания Карлос Алкарас, пас аз он ки ду сетро пайиҳам бохт (0:2), тавонист бар рақиби пурқуввати худ ракеткаи якуми ҷаҳон аз Италия - Янник Синнер ғалаба кунад ва унвони қаҳрамониро соҳиб шавад. Натиҷаи ниҳоӣ — 4:6, 6:7, 6:4, 7:6, 7:6 — бозии пуршиддат ва дилироверо ба намоиш гузошт, ки 5,5 соат идома ёфт.
Ин бозӣ на танҳо барои мухлисони теннис як тамошои фаромӯшнашаванда буд, балки бо давомнокии худ рекорди нави вақтро дар таърихи ин мусобиқа гузошт.
Алкарас бо иродаи қавӣ ва муборизаи бемисл тавонист аз остонаи шикаст баргардад ва бо комёбии беназир номи худро ба саҳифаҳои таърих ворид намояд.
Алкараси 22-сола аввалин касе нест, ки унвони худро дар мусобиқаҳои “Тоскулоҳи бузург” ҳимоя мекунад. Карлос дар соли 2023 дар “Уимблдон” пирӯз шуда, ин муваффақиятро дар соли 2024 такрор кард. Илова бар ин, коллексияи Алкараз Ҷоми асосии мусобиқаи US Open-2022-ро дар бар мегирад.
Ин драмаи нотакрор дигарбора нишон дод, ки чаро теннис варзиши шӯҳратманд ва пуртамошобин аст.