Финали ЛЧ дар мавсими 2026/27 дар Мадрид баргузор мегардад
Финали Лигаи Чемпионҳои УЕФА дар мавсими 2026/2027 дар варзишгоҳи “Метрополитано” –и шаҳри Мадриди Испания баргузор мешавад. Дар бораи ин нашрияи испанӣ COPE хабар дод.
Варзишгоҳи “Метрополитано” майдони асосии дастаи “Атлетико Мадрид” мебошад, ки пас аз кӯчидан аз “Висенте Калдерон” соли 2017 соҳиби он шуд. Варзишгоҳи “Метрополитано” соли 1993 сохта шуда, 70 ҳазору 692 тамошобинро ҷой медиҳад.
Қаблан эълон шуда буд, ки финали мусобиқоти мавсими 2025/2026 рӯзи 30 –юми май дар варзишгоҳи “Ферентс Пушкаш” дар шаҳри Будапешт баргузор мешавад.
Қаҳрамони кунунии Лигаи Чемпионҳо дастаи “Пари Сен-Жермен”-и Фаронса аст. Дар финали мавсими гузашта зери роҳнамоии мураббии испанӣ Луис Энрике дастаи “ПСЖ” бо ҳисоби 5 бар 0 муқобили “Интер”-и Италия зафар ёфта буд.