Финали ЛЧ миёни дастаҳои “Реал” ва “Ливерупул”-ро кӣ ҳакамӣ мекунад?

Финали ЛЧ миёни дастаҳои “Реал” ва “Ливерупул”-ро кӣ ҳакамӣ мекунад?

Кумитаи доварони УЕФА дар бораи дастаҳои доварони бозиҳои ниҳоии мусобиқаҳои аврупоӣ дар мавсими 2021/22 эълон намуд.  Клемент Тюрпени фаронсавӣ довари асосӣ  дар финали Лигаи Чемпионҳо миёни дастаҳои «Реал Мадрид» ва «Ливерпул» таъин шуд. 


Дар канорҳои майдон ба ӯ Николас Дано ва Сирил Грингор кӯмак мекунанд.  Ёдовар мешавем ,ки финали ЛЧ миёни дастаҳои "Реал" ва "Ливерпул" 28-уми май дар шаҳри Париж доир мегардад.