Финалистҳои мусобиқа оид ба бокс байни калонсолон барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд муайян шуданд

Финалистҳои мусобиқа оид ба бокс байни калонсолон барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд муайян шуданд

Нимаи дуюми рӯзи 7-уми ноябр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд мусобиқа оид ба бокс байни калонсолон барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд оғоз гардид.

Мусобиқаи мазкур бахшида, ба Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ташкил гардида, то 10 –уми ноябр идома хоҳад ёфт.

Дар мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба бокс беш аз 80 нафар варзишгарон, аз ҷумла муштзанон аз ҷумҳуриҳои дўсту бародари Ўзбекистон, Қазоқистон, Беларус, Қирғизистон, Федератсияи Русия иштирок доранд.

Пас аз ду рӯзи рақобатҳо финалистҳои мусобиқа муайян шуданд ва пагоҳ барои ба даст овардани нишонҳои заррини мусобиқа талош меварзанд.

Нишонҳои биринҷиро дар вазни то 48 кг Анушервон Фозилов аз дастаи Душанбе 1 ва Иброҳим Раҳмонҷонов аз Ӯзбекистон соҳиб шуданд. Дар вазни то 51 кг Мейрамбек Алписбай ва Эрҷан Галимҷан аз Қазоқистон барандагони нишони биринҷии мусобиқа шуданд.

Изатулло Алиев аз дастаи Душанбе 1 ва Муҳаммадали Ҳасанов аз дастаи Душанбе 2 нишонҳои биринҷии вазни то 54 кг-ро соҳиб шуданд. Стефан Шпарун аз Беролус ва Сиёвуш Ҳаитов аз тими Суғд 1 барандагони нишони биринҷии вазни то 63, 5 кг шуданд.

Нишонҳои биринҷии вазни то 67 кг-ро Илёсбек Мамадисмоилов аз Ӯзбекистон ва Орифҷони Ғафор аз тими Хатлон ба гардан овехтанд. Дар вазни то 80 кг Эхсон Рузманшоев аз тими Душанбе 2 ва Хамза Сулейманов аз дастаи Душанбе 1 барандагони нишони биринҷӣ шуданд.

Дар вазни то 86 кг нишонҳои биринҷиро Рустам Ғафуров аз тими Душанбе 2 ва Рустамҷони Юсуф аз тими Суғд 1 соҳиб шуданд. Дар вазни то 57 кг нишонҳои биринҷӣ насиби Рамазон Абдуқодирзода аз дастаи Суғд 2 ва Исмоил Каримов аз Ӯзбекистон шуданд.

Ҷаъфар Ҳакимов аз тими Суғд 2 ва Абубакр Муродзода аз тими Хатлон барандагони нишони биринҷии вазни то 60 кг шуданд. Шариф Давлатов аз тими Душанбе 1 ва Раҳматулло Ҳабиби аз тими Душанбе 2 нишонҳои биринҷии вазни то 71 кг-ро соҳиб шуданд. Нишонҳои биринҷии вазни то 75 кг насиби Алнур Омирбеков аз тими Қазоқистон ва Сардор Абдумуталиев аз Ӯзбекистон шуд. Дар вазни то 92 кг нишонҳои биринҷиро Максим Краветс аз Белорус ва Далер Сулаймонов аз тими Суғд 2 соҳиб шуданд. Нурасил Асилхан аз Қазоқистон ва Усмон Сангаков аз ВМКБ нишонҳои биринҷии вазни ҷамъи 92 кг-ро ба даст оварданд.

Финалистҳои мусобиқа оид ба бокс байни калонсолон барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд: 

Вазни 48 кг

Муинхуҷа Муминов (Суғд 1) – Нурзат Онгаров (Қазоқистон)

Вазни 51 кг

Муҳрон Шафиев (Душанбе 2) – Дилшод Оқилов (Суғд 1)

Вазни 54 кг

Улуғбек Норматов (Ӯзбекистон) – Меҳроҷ Зоидов (Суғд 1)

Вазни 63,5 кг

Абдумуталиб Юсупов (Суғд 1) – Ҳасан Уразалиев (Ӯзбекистон)

Вазни 67 кг

Муҳаммадиқбол Ҷумазода (Суғд 2) – Иля Калинин (Қазоқистон)

Вазни 80 кг

Замирбек Қаюмов (Душанбе 1) – Шаҳбоз Ҳаитов (Суғд 1)

Вазни 86 кг

Парвиз Каримов (Душанбе 1) – Баҳман Расулов (Душанбе 2)

Вазни 57 кг

Хусравхон Раҳимов (Суғд 1) – Бузургмеҳр Исканов (Душанбе 2)

Вазни 60 кг

Искандар Рустамов (суғд 1) – Достонбек Номонҷонов (Ӯзбекистон)

Вазни 71 кг

Довуд Маҳкамов (Суғд 1) – Расул Аҳадов (ШНТМ)

Вазни 75 кг

Некрӯз Салимов (Душанбе 1) – Алексей Дернов (Белорус)

Вазни 92 кг

Абубакр Воҳидов (Суғд 1) – Бахтиёр Холов (Русия)

Вазни +92 кг

Ҷаҳон Қурбонов (Суғд 1) – Муҳаммад Аброриддинов (Душанбе 1)