Финландия бори панҷум қаҳрамони ҷаҳон оид ба хоккей шуд
Дар шаҳри Сюрихи Швейтсария дар майдони “Свисс Лайф-Арена” бозии финалии Чемпионати ҷаҳон оид ба хоккейи соли 2026 баргузор гардид. Дар рақобати ниҳоӣ мунтахабҳои Швейтсария ва Финландия ба ҳам омаданд.
Вохӯрӣ дар вақти асосӣ бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом ёфт ва тақдири медалҳои тилло ва ҷоми мусобиқа дар вақти изофӣ ҳал шуд. Дар дақиқаҳои иловагӣ ҳамлагари тими миллии Финландия Конста Ҳелениус гӯйи ягона ва ҳалкунандаи бозиро ба самар расонида, ба дастааш пирӯзии арзишманд ва унвони қаҳрамони ҷаҳонро ҳадя кард.
Бо ин ғалаба мунтахаби Финландия панҷумин бор дар таърихи худ қаҳрамони ҷаҳон гардид. Финҳо қаблан солҳои 1995, 2011, 2019 ва 2022 низ ба ин дастоварди бузург ноил шуда буданд.
Дар навбати худ, мунтахаби Швейтсария боз ҳам аз орзуи нахустин унвони қаҳрамонии ҷаҳон маҳрум монд. Швейтсариҳо барои шашумин бор соҳиби медалҳои нуқраи чемпионати ҷаҳон шуданд. Онҳо қаблан солҳои 1935, 2013, 2018, 2024 ва 2025 низ дар финал мағлуб гардида буданд.
Дар бозии барои ҷойи сеюм мунтахаби Норвегия бар тими пурқуввати Канада бо ҳисоби 3:2 дар вақти изофӣ ғалаба кард. Ин натиҷа барои хоккейи Норвегия таърихӣ маҳсуб мешавад, зеро дастаи ин кишвар бори аввал дар таърихи худ соҳиби медал аз Чемпионати ҷаҳон гардид.
Ёдовар мешавем, ки Чемпионати ҷаҳон-2026 бо иштироки 16 мунтахаб баргузор шуд. Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим гардида, чор тими беҳтарини ҳар гурӯҳ ба марҳилаи плей-офф роҳ ёфтанд. Дар натиҷаи мусобиқа мунтахабҳои Британияи Кабир ва Италия, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои охиринро ишғол карданд, ба дивизиони I Group A поин рафтанд.
Ҳамин тавр, Финландия бо пирӯзии таърихӣ дар финал бори дигар қудрати худро дар хоккейи ҷаҳон собит намуда, унвони қаҳрамони ҷаҳонро соҳиб шуд, дар ҳоле ки Норвегия бо медали нахустини таърихии худ яке аз сюрпризҳои асосии мусобиқа гардид.