“Фиорентина” дар ЛК ба ҷои “Ювентус” бозӣ мекунад

“Фиорентина” дар мавсими нави Лигаи Конференсия бозӣ мекунад. Даста аз UEFA даъват гирифт ва онро пазируфт. Инро дастаи “Фиорентина” тавассути шабакаҳои иҷтимоии худ тасдиқ кард.
Ҳамин тариқ, «Фиорентина» дар Лигаи Конференсия ба ҷои «Ювентус» Италияро намояндагӣ мекунад. Дар мавсими гузашта даста ба финали мусобиқот баромад ва дар он аз «Вест Хэм» мағлуб шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки UEFA дастаи “Ювентус”-ро аз иштирок дар Лигаи Конференсияҳои мавсими -2023/24 маҳрум кард.
Идораи назорати молиявии бошгоҳҳо тибқи натиҷагирӣ аз таҳқиқот ба хулосае омад, ки туриниҳо ҳолати ҳуҷҷатҳои меъёрии ташкилот ва шартҳои қарордоди ҷаҳонии имзошуда дар моҳи августи соли 2022-ро вайрон кардаанд.
Вобаста ба ин «бянконери» аз ҳаққи иштирок дар евроҷомҳо ба мӯҳлати як сол маҳрум гардида, дар ҳаҷми 20 млн евро ҷаримабандӣ шудаанд. 10 млн аз ин маблағ шартӣ мебошад – ин маблағ дар ҳоле ситонида мешавад, ки агар ҳисоботи солҳои 2023, 2024 ва 2025 ба талаботҳои муайяншуда дар Низомномаи UEFA оиди иҷозатномадиҳии бошгоҳҳо ва таъминоти барқарории молиявӣ дарҷшуда мувофиқат накунад.
Ҳамин тариқ, дастаи шаҳри Турин дар мавсими 2023/24 дар мусобиқаҳои аврупоӣ баромад намекунад.