Флик: “Мо бояд аз “ПСЖ” идоракунии бозиро омӯзем...”
Сармураббии тими “Барселона” Ҳанс-Дитер Флик шикасти дастаашро дар бозии даври дуюми марҳилаи умумии Лигаи чемпионҳо зидди “ПСЖ” (1:2) шарҳ дод.
“Баъд аз дақиқаи 35-ум “ПСЖ” бозиро бештар идора кард. Баъзе бозингарони мо, мисли Педри ва Френки, хеле хаста шуданд, вале ҳамаашон то охир талош карданд. Вақте ҳисоб 1:1 буд, мо бояд дифоъро дурусттар месохтем. Аз ин гуна бозиҳо бояд сабақ гирем ва рушд кунем.
Дар қисми дуюм мо ҳамоҳангии кофӣ надоштем. Барои пешравӣ машқ кардану такмил ёфтан зарур аст. Муҳим он аст, ки тамоми 90 дақиқа дар сатҳи баланд бошем. Ҳама бояд ҳам дар дифоъ ва ҳам дар ҳамла фаъол бошанд, бо тӯб хуб бозӣ кунанд, фазои холиро истифода баранд ва бозиро идора намоянд. Дар “ПСЖ” ҳама медонанд, чӣ гуна фазоро истифода баранд, мо бошад бояд инро омӯзем” – фишурдаи суханони Фликро нашрияи Marca иқтибос овардааст.
Ёдовар мешавем, ки “Барселона” бозии навбатиро дар марҳилаи умумии Лигаи чемпионҳо муқобили “Олимпиакос” дар хона рӯзи 21-уми октябр доир мекунад.
Қаҳрамони амалкунандаи мусобиқа, дастаи “ПСЖ” рӯзи 22-юми октябр дар сафар бо тими “Байер”-и Леверкузен дидор анҷом медиҳад.