Флик: Мо мехостем требл кунем

Флик: Мо мехостем требл кунем

Сармураббии “Бавария” Ҳанси Флик фикри худро пас аз бозӣ бо “Ҳолштейн” баён кард.
“Албатта, ин барои мо як шок аст. Мо хеле ноумед шудем, зеро мехостем треблро такрор кунем. Рақиб рӯҳияи қавӣ нишон дод. Бисёр ҷои таасуф аст, ки гузоштем то рақиб дар сонияҳои охир ҳисобро баробар кунад. “Кил”-ро барои баромадан ба марҳилаи 1/8 ниҳоӣ табрик мекунам”, гуфт Флик баъди рақобат. 
Бояд хотиррасон кард, ки “Бавария” мавсими гузашта, требл карда буд. Даста дар Лигаи чемпионҳо, Бундеслига ва Ҷоми Олмон пирӯзӣ ба даст овард.