Флик оиди бозгашти Ямал ҳарф зад!

Флик оиди бозгашти Ямал ҳарф зад!

Сармураббии дастаи “Барселона” Ҳанс-Дитер Флик пас аз пирӯзӣ бар “Брест” (3:0) дар даври 5-уми Лигаи Чемпионҳо оиди баргашти Ламин Ямал ба майдон ҳарф зад.

Футболбози 17-сола аз замони бозӣ бо дастаи «Срвена Звезда» (5:2) дар доираи Лигаи чемпионҳо, ки рӯзи 6-уми ноябр осеб бардошта буд, то ҳанӯз ба майдон барнагаштааст.

"Ҳоло Ямал худро хуб эҳсос мекунад. Ман бо ӯ ҳарф задам ва гуфтам, ки рӯзи шанбе дар бозӣ бо “Лас Палмас” туро дар майдон дидан мехоҳам" – фишурдаи суханони Фликро нашрияи Barcacentre иқтибос овардааст.

Ёдовар мешавем, ки дар мавсими ҷорӣ Ямал дар 16 бозӣ дар ҳайати “Барселона” 6 гол ва 8 партофти головар кардааст.

Бозии «Барселона» ва «Лас-Палмас» дар даври 15-уми Ла Лига рӯзи 30 –юми ноябр баргузор шуда, соати 18:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.