Флориан Виртс миёни “Бавария” ва “Реал” якеро интихоб кард
Ниммуҳофизатгари дастаи “Байер” - Флориан Виртс метавонад, ки корномаи футболбозиашро дар тими “Бавария” идома диҳад.
Тибқи иттилои Sky Sports, Виртс эҳтимол дорад, ки тобистони соли 2025 “Байер”-и Леверкузенро тарк кунад. “Бавария” аллакай бо футболбози 21-сола гуфтушунид кардааст. Қайд карда мешавад, ки худи футболбоз мехоҳад, ки қувваи худро дар “Бавария” санҷад ва пас аз фаъолияти худ дар Мюнхен ба хориҷа равад.
Қаблан маълумот дар бораи таваҷҷӯҳи “Реал Мадрид” ба Виртс пайдо шуда буд.
Флориан Виртс аз моҳи январи соли 2020 дар ҳайати “Байер” аст. Шартномаи феълии ӯ бо тими шаҳри Леверкузен то соли 2027 амал мекунад. Дар мавсими имсола Виртс 6 гол ва 1 асситс дар 10 бозӣ анҷом додааст.
Тибқи маълумоти портали Transfermarkt, арзиши бозории футболбоз 130 миллион евро аст.