“Флорида” бори аввал дар 27 соли охир ба финали Ҷоми Стэнли баромад!

“Флорида”  бори аввал дар 27 соли охир ба финали Ҷоми Стэнли баромад!

Дар варзишгоҳи «Эф-Эл-Эй Лайв-Арена»-и Санрайзеи ИМА бозии даври 4-уми силсилаи Ассотсиатсияи миллии хоккей дар конфронси шарқӣ миёни дастаҳои “Флорида” ва “Каролина” баргузор шуд. Вохӯрии дастаҳо бо ҳисоби 4 бар 3 ба суди чавгонбозони “Флорида” анҷом ёфт.

Бо ин пирӯзӣ чавгонбозони “Флорида” дар силсила ҳисобро 4 бар 0 карда, маротибаи дуюм дар таърих ба  финали Ҷоми Стэнли баромаданд.  Дар ин вохӯрӣ дарвозабони рус  Сергей Бобровский 36 сейв кард.

Ёдовар мешавем, ки дар финал “Флорида” бо ғолиби силсилаи “Вегас” ва “Даллас” (3:0) бозӣ мекунад.