“Флуминенсе” ба финали Ҷоми Либертадорес роҳ ёфт
Имрӯз, 5-уми октябр бозии дуюми марҳилаи ниманиҳоии Ҷоми Либертадорес миёни тимҳои бразилии «Интернасионал» ва «Флуминенсе» доир шуд. Меҳмонон бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда, аз ҳисоби натиҷаи ду бозӣ (ҳисоби бозии аввал 2:2) ба финали мусобиқа баромаданд.
Мизбонон нахуст дар ҷараёни бозӣ ба задани гол даст ёфтанд. Дифоъгари марказӣ Габриел Меркадо дар дақиқаи 10-ум муаллифи гол гардид. Голи ҷавобӣ бошад дар фурсатҳои ахири рақобат ба самар расонида шуд. Дар дақиқаи 81-ум ҳисобро ҳамлавар Ҷон Кеннеди Батиста де Соуза баробар кард. Ҳамлавар Херман Кано ахиран дар дақиқаи 87-уми бозӣ бо голи хеш дастаашро ба финали мусобиқа баровард..
Бо «Флуминенсе» баҳри ҷоиза ғолиби рақобати дигари ниманиҳоӣ аз миёни «Бока Хуниорс» ва «Палмейрас» (ҳисоби бозии аввал 0:0) мубориза мебарад.