Фон Аллмен аввалин лижарони кӯҳӣ дар тӯли 58 сол бо се медали тиллои олимпӣ

Фон Аллмен аввалин лижарони кӯҳӣ дар тӯли 58 сол бо се медали тиллои олимпӣ

Варзишгари швейтсарӣ Франйо фон Аллмен дар тӯли 58 сол аввалин лижарони кӯҳӣ шуд, ки дар як Бозии Олимпӣ се медали тилло ба даст овард. Рӯзи чоршанбе, 11-уми феврал фон Аллмен дар Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2026 дар Италия дар сабқати навъи супергигант ғолиб омад. Ӯ қаблан дар сабқатҳои фаромадан аз нишебӣ ва сабқатҳои омехта ғолиб омада буд.

Охирин лижарони кӯҳӣ, ки дар як Бозии Олимпӣ се медали тилло ба даст овард, Жан-Клод Киллии фаронсавӣ буд. Дар Бозиҳои соли 1968 ӯ дар сабқатҳои фаромадан аз нишебӣ, слаломи бузург ва слалом ғолиб омад.

Бозиҳои Олимпии соли 2026 аз 6 то 22 феврал дар шаҳрҳои Милан ва Кортинаи кишвари Италия баргузор мешаванд. Дар ин Бозиҳои Олимпӣ рақобатҳо аз рӯи 116 маҷмӯи медалҳо доир мешаванд.