Фрэнк Лэмпард сармураббии дастаи “Ковентри Сити” шуд
Фрэнк Лэмпард сармураббии дастаи «Ковентри Сити» таъйин гардид. Дар ин бора дафтари матбуотии бошгоҳи мазкур хабар додааст.
Ҷузъиёти шартномаи мутахассиси 46-сола ифшо нашудааст. Лэмпард қаблан дар дастаҳои «Дерби Каунти», «Эвертон» ва «Челси» ҳамчун сармураббӣ кор мекард. Ҳоло «Ковентри» бо 17 имтиёз пас аз 17 бозӣ дар ҷои 17-уми ҷадвали Чемпионшипи Англия қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки бозии навбатии “Ковентри” дар майдони худ зидди “Кардифф Сити” рӯзи шанбеи 30-юми ноябр дар назар аст.