Фрэнсис Нганну пас аз дифоъи қаҳрамонӣ ба бокс мепардозад

Фрэнсис Нганну пас аз дифоъи қаҳрамонӣ ба бокс мепардозад
Фрэнсис дар рақобати панҷдаврии ниҳоят боварнокарданӣ миёни сангин вазнҳо, дар рақобате,ки ҳарифаш Сирил Ган фаворит буд, пирӯзӣ ба даст овард.
Дар рақобати имрӯзии дифоъи қаҳрамонӣ ҳеҷ кас интизор надошт, аммо варзишгари камерунӣ Ҳабиби сангинвазнҳо буд.

Пас аз пирузӣ бар Сирил Ган дар UFC-270 Фрэнсис андешаҳояшро чунин тавр иброз намуд:
" Ман медонистам, ки Ган ҳарифи сарсахт аст. Ӯ рақобати хуб нишон дод ва бо оне маро андаке дар тааҷҷуб овард, ки то охири рақобат истодагарӣ намуд. Кулли чизе, ки маро лозим меомад анҷом диҳам ин гӯш кардан ба суханони мураббиён оиди нигоҳ доштани хунсардиву надавидан аз паси Ган буд.
Ман тамрингоҳи мушкиле доштам: се ҳафта қабл аз оғози рақобат ду ҷароҳати ҷиддӣ бардоштам. Шумо дар хусуси бисёр чизҳое, ки ман ба онҳо қодирам фаромӯш кардаед, вале ман дигарбора инҷо ҳастам.
Мураббиёнам сатҳи гӯштигириямро боло бардоштанд ва акнун ман дар ҳолати хубе қарор дорам. Ташаккур барои оилаам, барои кулли мухлисонам ва раҳмат ба кишварам Камерун. Ман муҳаббати бузургеро аз ҷониби ватанам эҳсос намудам.
Баъдан чӣ мешавад? Чӣ тавре ман гуфта будам бокс чизест, ки ман ҳама вақт мехостам ба он машғул шавам. Андешаи гузаронидани рақобати боксро низ ба дарозо кашида намехоҳам"- гуфтааст Нганну.