“Фулҳэм” ба даври чаҳоруми Ҷоми Англия баромад!
Дар доираи бозиҳои даври сеюми Ҷоми Англия дастаҳои “Фулҳэм” ва “Уотфорд” ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар майдони “Крэйвен Коттеҷ” баргузор гардид ва мизбонон ғалабаро бо ҳисоби 4 бар 1 соҳиб шуданд.
Родриго Мунис ҳисоби бозиро дар дақиқаи 26 – уми дидор боз кард. Дар дақиқаи 33-юм бошад, ниммуҳофизатгари тими “Уотфорд” Рокко Вата натиҷа баробар кард. Голи дуюми дастаи “Фулҳэм”-ро дар нимаи дуюми дидор ва дақиқаи 49 ум, Раул Хименес бо зарбаи 11 метра ба номи худ сабт намуд. Дар дақиқаҳои 65-ум ва 85- ум бошад, бозингарон Йоаким Андерсен ва Тимоти Кастан дарвозаи рақибро рахна карданд.
Ёдовар мешавем, ки барандаи феълии ҷоми Англия дастаи “Манчестер Юнайтед” аст.