«Футбол ба назди шумо меояд» дар минтақаи Кӯлоб ҷамъбаст шуд

«Футбол ба назди шумо меояд» дар минтақаи Кӯлоб ҷамъбаст шуд

Лоиҳаи ҷадиди Лигаи футболи кӯдакону наврасони Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти унвони «Футбол ба назди Шумо меояд» дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб низ ҷамъбаст гардид. Ҳамоиши мазкур бо ширкати дастаҳои кӯдакон ва наврасони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб роҳандозӣ шуд, ки дар ҷамъбаст ғолибон бо медалу ифтихорнома ва тӯҳфаҳои варзишӣ масъулон сарфароз гардонида шуданд. Дар майдончаҳои мактаби варзишии вилояти дар ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб фестивали умумиҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Футбол ба назди Шумо меояд» бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати васеъи дастаҳои наврас аз рӯи 3 сину сол баргузор гардид. Ёдрас мешавем, ки баъди ҷамъбасти марҳилаи ибтидоии фестивал бо ишғол намудани ҷои аввал дастаҳои ғолиб дар марҳилаи ниҳоии ин мусобиқот, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ширкат меварзанд.