Футболбоз вақти бозӣ дар Таиланд аз зарбаи раъду барқ ҷон бохт
Футболбози бошгоҳи “Яла” Софван Авае пас аз зарбаи раъду барқ вақти бозӣ фавтид. Хадамоти матбуоти бошгоҳи номбурда дар ин бора дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон кард.
Бошгоҳ оиди марги бозигари нав Софван Авае тасдиқ кард, ки 4 август ҳангоми бозии Ҷоми FA Go-Lok дар майдон дар Сунгай Колоки Наратхиват аз таъсири зарбаи раъду барқ осеб дидааст. Ӯ ҷароҳатҳои вазнин бардошта, баъдтар дар беморхона фавтид. Ду бозигари дигар низ дар ин ҳодиса захмӣ шуданд. Бошгоҳи “Яла” пас аз ин ҳодисаи фоҷиабор ба оилаи Авае изҳори тасаллият кард.
Бошгоҳи “Яла” дар минтақаи ҷанубии Лигаи 3-юми Таиланд рақобат мекунад. Даста дар мавсими 2025/2026 ҷои сеюмро ишғол кард ва аз 18 бозӣ 36 имтиёз ба даст оварда буд.