Футболбози «Реал» аз Пике узр пурсид

Футболбози «Реал» аз Пике узр пурсид

Собиқ футболбози дастаи «Реал» ва тими мунтахаби Аргентина - Оскар Руҷери бинобар таҳқир намудани дифоъгари “Барса” - Херард Пике шахсан аз ӯ бахшиш пурсид. 

"Ман ҳазор узр мепурсам. Ман дар изҳороти худ хато кардам ва бояд аз ту бахшиш пурсам. Шояд суханони ман ба аъзои оилаи ӯ дарди вазнин оварда бошанд. Ин рафтор дуруст набуд”, мегӯяд Руҷери. Қаблан Руҷери гуфта буд, ки «Пике ба монанди дигар бозигарон дар сатҳи миёна аст. Агар ӯ дар “Валенсия” бозӣ мекард, касе ӯро намешинохт».