Футзал. Тоҷикистон ва Нидерланд 377 | 07.09.2024 Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2024 рӯзи 8-уми сентябр дар Душанбе бо мунтахаби Нидерланд бозӣ мекунад. Вохӯрӣ дар маҷмааи варзишии «Кохи Олимп»-и Душанбе баргузор шуда, соати 20:00 оғоз мешавад. Мухлисонро ба тамошои бозӣ даъват менамоем! Биёед дастаи футзали худро якҷоя дастгирӣ кунем! » «