Футзалбозони араб дарвозаи Тоҷикистонро голборон карданд

Футзалбозони араб дарвозаи Тоҷикистонро голборон карданд

Дар Ҷидда дирӯз, 8-уми июн бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми миллатҳои Араб-2023 баргузор гардиданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки шомили гурӯҳи «А» аст, бо мизбони мусобиқот – тими Арабистони Саудӣ андари майдони рақобат гардид.  Вохӯрӣ дастаҳо бо ҳисоби бузурги 8 бар 0 ба суди тими миллии Арабистони Саудӣ ба анҷом расид.

Дар бозии дигари гурӯҳ мунтахаби Алҷазоир муқобили Либия бо ҳисоби 3 бар 2 ғалаба кард. Дар сурате, ки футзалбозони тоҷик аз мунтахаби Либия бо ҳисоби 1 бар 2 мувоҷеҳи шикаст шуда буданд. Он ҷо ягона голи мунтахаби Тоҷикистонро –Файзалӣ Сардоров ба самар расонида буд.

Дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми миллатҳои Араб-2023 рӯзи шанбеи 10-уми июн тими миллии Тоҷикистон бо мунтахаби  Алҷазоир бозӣ мекунад. Вохӯрӣ соати 21:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Бояд гуфт, ки аз рӯи ҷамъбасти марҳилаи гурӯҳии мусобиқот ду даста аз се гурӯҳ, инчунин ду дастаи беҳтарин аз миёни онҳое, ки ҷойҳои сеюмро ишғол мекунанд, ба плей-офф роҳ меёбанд. Он ҷо дастаҳо ҷуфтҳои  марҳилаи чаҳорякниҳоиро  ташкил медиҳанд.