Футзалбозони тоҷик дар бозии аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 бо Ҳиндустон бозӣ мекунанд

Пагоҳ, 7 - уми октябр дар шаҳри Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 оид ба футзал дар гурӯҳи «Е» оғоз мешавад. Дастаҳои Тоҷикистон, Мянмар, Фаластин ва Ҳиндустон барои роҳхати қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё мубориза мебаранд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 рӯзи 7-уми октябр бо тими Ҳиндустон бозӣ мекунад.
Ҳамаи бозиҳо дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии Душанбе баргузор мешаванд. Нархи чиптаи оддӣ 20 сомонӣ ва чиптаи категорияи «СIP» 50 сомонӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 оид ба футзал бо тимҳои Ҳиндустон (7 октябр), Фаластин (9 октябр) ва Мянмар (11 октябр) бозӣ мекунад. Ҳама вохӯриҳо бо иштироки дастаи мо соати 19:00 оғоз мешаванд.