Футзалбозони тоҷик имрӯз бо Арабистони Саудӣ бозӣ мекунанд

Футзалбозони тоҷик имрӯз бо Арабистони Саудӣ бозӣ мекунанд

Имрӯз мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Ҷоми миллатҳои Араб-2023 бо Арабистони Саудӣ бозӣ мекунад.

Дар Ҷидда имрӯз, 8-уми июн бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми миллатҳои Араб-2023 баргузор мешаванд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки шомили гурӯҳи «А» аст, бо мизбони мусобиқот – тими Арабистони Саудӣ вомехӯрад. Вохӯрӣ соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ (21:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар бозии аввали марҳилаи гурӯҳи футзалбозони тоҷик аз мунтахаби Либия бо ҳисоби 1 бар 2 мувоҷеҳи шикаст шуда буданд. Он ҷо ягона голи мунтахаби Тоҷикистонро –Файзалӣ Сардоров ба самар расонида буд.

Ҷоми миллатҳои Араб-2023

Гурӯҳи «А»

Даври 2

8 июн (панҷшанбе)

Оғоз – соати 21:00 ба вақти Душанбе

Арабистони Саудӣ –  Тоҷикистон