Фюри: "Ғалаба бар Усик маро беҳтарин муштзани ҳама давру замон хоҳад кард”

Фюри: "Ғалаба бар Усик маро беҳтарин муштзани ҳама давру замон хоҳад кард”

Муштзани бритониёӣ Тайсон Фюри интизориҳои худро аз набард бо Александр Усик барои унвони қаҳрамони мутлақи ҷаҳон миёни сангинвазнҳо, ки рӯзи 18 –уми май дар Риёз доир мегардад, иброз дошт.

“Ман фикр мекунам ӯ беҳтарин рақибест, ки ман то ҳол бо ӯ рӯбарӯ шудаам. Ман қаблан бо қаҳрамонҳои сангинвазни ҷаҳон , барандагони медалҳои тиллои олимпӣ мубориза бурдаам, аммо ҳеҷ гоҳ бо қаҳрамони ҷаҳон оид ба ду вазн набард накардаам. Аз ин рӯ, ман фикр мекунам, ки ин ӯро дар боло мегузорад.

Ман фикр мекунам, ки ин ғалаба беҳтарин будани маро собит месозад ва маро дар мақоми рақами яки ҳама давру замонҳо мегузорад”, гуфт Фюри дар мусоҳиба бо DAZN.