Гӯштингири тоҷик дар финали Чемпионати ҷаҳон

Гӯштингири тоҷик дар финали Чемпионати ҷаҳон

Аз 29 июл дар шаҳри Софиаи Булғористон Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни наврасон оғоз шуд, ки то 4 август идома меёбад. Дар се рӯзи аввал қувваозмоиҳо дар равияи гӯштини тарзи озод баргузор шуд. Се рӯзи охир, ҳамчунин қувваозмоиҳои равияи гӯштини юнонӣ-римӣ доир мегардад, ки се варзишгари тоҷик иштирок мекунанд. Ҳамин тавр гӯштингири ҷавони тоҷик - Шероз Очилов (65 кг) дар даври аввал озод буда, рақобатҳоро аз даври 1/8 ниҳоӣ шуруъ кард. Дар даври мазкур Очилов намояндаи кишвари Арманистон - Арман Хачикянро шикаст дода, ба даври ¼ ниҳоӣ роҳ ёфт. Дар ин давр Шероз гӯштингири кишвари ИМА – Роберт Пулро дучори шикаст намуда, ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт. Барои роҳ ёфтан ба финал Шероз Очилов варзишгари эронӣ – Ҳоҷат Ҳассанро аз сари роҳаш дур кард. Акнун Шероз Очилов имрӯз, дар финал бо самбочии Белоруссия - Дмитрий Бонка рӯ ба рӯ мешавад.