Гӯштингирони тоҷик бо нишонҳои фахрӣ аз Қирғизистон ба Душанбе баргаштанд

Гӯштингирони тоҷик бо нишонҳои фахрӣ аз Қирғизистон ба Душанбе баргаштанд

19-уми  июн дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии  Қирғизистон Чемпионати Осиё оид ба гуштин миёни наврасон (U-17) дар равияи юнонӣ-римӣ доир гардид. Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ду гӯштингири тоҷик Ҳусейн Ҳасанов  ва Суннат Абдуллоев  дар равияи юнону-румӣ ба гирифтани нишонҳои нуқра ва биринҷӣ даст ёфтанд.

Дирӯз гӯштингирони тоҷик бо сари баланд озими шаҳри Душанбе шуданд. Онҳоро дар фурудгоҳ намояндагони соҳаи варзиши мамлакат гарму самимӣ ва бо карнаю сурнай истиқбол карданд.

Ёдовар мешавем, ки варзишгари тоҷик Ҳусейн Ҳасанов дар рӯзи аввали рақобатҳо, дар вазни -60кг медали биринҷӣ ба даст оварда буд.

Ӯ мусобиқаро аз даври чорякфинал оғоз карда, аз намояндаи Эрон Абулфазл Миршакар мағлуб шуд. Бо сабаби он ки варзишгари эронӣ ба финал баромад, Ҳусейн имкон пайдо кард, мусобиқаро идома диҳад. Ӯ дар қувваозмоии тасаллобахш бар варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Ҳйук Сеомун ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм бар намояндаи Туркманистон Шатлик Юнусов пирӯз гардид.

Дар рӯзи аввал варзишгарони дигарамон Нодир Турсунзода (55кг), Ансор Раҳматзода (92кг), Акрами Ҷаҳонгир (110кг) гуштин гирифта, дар даврҳои муқаддамотӣ аз ҳарифонашон шикаст хурданд.


Дар рӯзи дуюми Чемпионати Осиё оид ба гӯштин миёни наврасон (U-17) дар равияи юнонӣ-римӣ, ки дар Бишкеки Қирғизистон ҷараён дорад, варзишгари тоҷик Суннат Абдуллоев дар вазни -65кг ҷои дуюмро сазовор шуд.

Суннат дар даври интихобӣ бар варзишгари Ҷопон Какиру Сакаӣ, дар чорякфинал бар намояндаи Туркманистон Какабай Какабаев, дар нимфинал бар варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Тиёнг Квон пирӯз шуда, ба финал баромад. Аммо дар даври ниҳоӣ аз варзишгари мизбон Кутман Темирбеков мағлуб гардида, ҷои дуюмро сазовор шуд.


Ҳамчунин қобили зикр аст , ки аввалин маротиба аст, ки Чемпионати Осиё оид ба гӯштин дар ду категорияи синну сол – то 17-солаҳо ва то 23-солаҳо дар як вақт доир мегардад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 14 нафар – 8 нафар миёни наврасон, 6 нафар миёни ҷавонон ба Бишкек сафарбар гардидаанд.

Тибқи низомнома, мусобиқа миёни наврасони то 17-сола миёни духтарон ва писарон дар равияи гӯштини озод ва  миёни ҷавонони то 23-сола  баргузор мегардад.