Гӯштингирони тоҷик дар Чемпионати Ҷаҳон дар Сербия ширкат меварзанд
Рӯзҳои 16-24-уми сентябр дар шаҳри Белгради Сербия Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин баргузор мешавад. Ин аввалин мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 мебошад. Панҷ нафари беҳтарин дар ҳар вазн (дар умум 24 вазн) соҳиби роҳхати олимпӣ мешаванд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи муҳими сол 6 нафар намояндагӣ мекунанд:
Гӯштини озод
Абдулмаҷид Кудиев (-65 кг)
Мустафо Ахмедов (-70 кг)
Магомед Евлоев (-74 кг )
Шуҳрат Бозоров (-79 кг)
Гӯштини юнону румӣ
Асламҷон Азизов (-60 кг)
Фирӯз Мирзораҷабов (-67 кг)