Гӯштингирони тоҷик дар Чемпионати Ҷаҳон миёни ҷавонон ширкат меварзанд

Гӯштингирони тоҷик дар Чемпионати Ҷаҳон миёни ҷавонон ширкат меварзанд

Аз 15-ум то 21-уми  август дар шаҳри Софияи Булғористон Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни ҷавонони то 20-сола баргузор мешавад.Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст

Ба иттилои Иттиҳоди ҷаҳонии гуштинҳо (UWW), барои иштирок дар чемпионат ҳудуди 600 варзишгар аз 53 давлат номнавис шудаанд. Аз ҷумҳурии мо 3 нафар – Мустафо Ахмедов (70кг) дар гӯштини тарзи озод, Фирӯз Мирзораҷабов (60кг) ва Шероз Очилов (72кг) дар гуштини юнонӣ-римӣ ба Булғористон сафарбар мегарданд.

Қувваозмоиҳо 15-уми  август бо гӯштини тарзи озод оғоз мегардад. Баъдан гӯштини занона ва дар се рӯзи охир сабқатҳои гӯштини юнонӣ-римӣ доир хоҳад шуд. Дар асоси барномаи чемпионат Мустафо 15-16 август, Фирӯз ва Шероз 20-21 август гӯштин мегиранд. Рӯзи аввал марҳилаи интихобӣ ва рӯзи дуюм финал ба нақша гирифта шудааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни наврасон соли 2019 дар Софияи Булғористон дар равияи гӯштини юнонӣ-римӣ Шероз Очилов дар вазни 65кг медали нуқра ва Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни 55кг медали биринҷӣ ба даст овардаанд.