Гӯштингирони тоҷик дар Чемпионати Осиёи Урдун иштирок мекунанд

Гӯштингирони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини тарзи озод ва юнону румӣ дар Урдун ширкат мекунанд. Мусобиқаи мазкур аз 25-ум то 30-юми март дар шаҳри Аммон доир мегардад.
Ҳоло гӯштингирони 20 кишвар барои ширкат дар мусобиқа дархост додаанд. Мусобиқаи мазкур дар Қасри варзишии “Малика Сумая” баргузор мешавад. Мусобиқа аз риштаи юнону румӣ оғоз мешавад.
Ҳайати Тоҷикистон дар мусобиқаи мазкур чунин аст. Аз риштаи гӯштини тарзи озод дар вазни 57 кг Айаал Белолюбский , вазни 61 кг Ҷамшед Шарифов , вазни 65 кг Мустафо Ахмедов, вазни 70 кг Виктор Рассадин вазни 79 кг Магомет Евлоев ва вазни 86 кг Салимҷон Ҳалимзода ширкат мекунанд.
Аз риштаи гӯштини юнону-румӣ дар вазни 60 кг Аслам Азизов, вазни 67 кг Сунатулло Абдуллоев, вазни 72 кг Лоиқ Амирхонзода, вазни 77 кг Муслиҳиддин Уроқов, вазни 82 кг Ҳабиб Зуҳуров, вазни 87 кг Сӯҳроб Абдулхаев ва вазни + 97 кг Эдуард Бабеношев баромад мекунанд.