Габриел Жезус аз “Арсенал” ба “Барселона” мегузарад
Ҳамлагари бошгоҳи футболи “Арсенал” Габриэл Жезус бо нархи 10 миллион евро ба “Барселона” пайваст шуд.
Ҳамлагари бошгоҳи “Арсенал” Габриэл Жезус (29) ба сафи “Барселона” пайваст шуд. Дар ин бора журналист Фабрисио Романо дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод.
Бошгоҳи каталонӣ барои ҳамлагари бразилӣ 10 миллион евро ҷамъи иловапулиҳо пардохт мекунад. Муоинаи тиббӣ рӯзи душанбе ба нақша гирифта шудааст. Созишнома пас аз муоинаи тиббии ӯ ниҳоӣ мешавад.
“Барселона” пас аз он ки музокирот бо “Атлетико Мадрид” дар бораи гузариши ҳамлагари аргентинӣ Хулиан Алварес бо нокомӣ анҷом ёфт, Жезусро интихоб намуд. Ин бразилӣ барои иваз кардани дастааш омода аст, зеро ӯ дар рақобат барои ҷой дар ҳайати асосии “Арсенал” аз Кай Ҳавертс ва Виктор Дёкереш дар канор мондааст.
Ба гуфтаи Mundo Deportivo Жезус ҳамеша мехост дар “Барселона” бозӣ кунад. Шартномаи ҳамлагар бо ин тими шаҳри Лондон то тобистони соли 2027 мӯҳлат дорад.
Жезус аз соли 2022 инҷониб дар дастаи "Арсенал" бозӣ мекунад ва 123 бозӣ анҷом дода, 32 гол задааст. Бразилиягӣ қаблан дар дастаи "Манчестер Сити" бозӣ кардааст. "Барселона" қаҳрамони феълии Испания мебошад.