Гаэл Монфис ба финали мусобиқаи АТР - 250 дар Окленд роҳ ёфт

Гаэл Монфис ба финали  мусобиқаи АТР - 250 дар Окленд роҳ ёфт

Дар даври нимниҳоии мусобиқаи АТР - 250 дар Окленди Зеландияи Нав намояндаи Фаронса Гаэл Монфис ва намояндаи Амрико Нишеш Басавередди ба ҳам омаданд. Вохӯрӣ баёни ракеткаи 52-юми ҷаҳон Гаэл Монфис ва ракеткаи 133-юм Нишеш Басавередди ду сет идома ёфта, бо ҳисоби – 7:6 (7:5), 6:4 ба фоидаи теннисбози фаронсавӣ ба анҷом расид.

Бозӣ ҳамагӣ 1 соату 48 дақиқа давом кард. Монфис ҳафт маротиба зарбаи дуболо анҷом дода, ба хатои такрорӣ роҳ дод ва аз ду як брейк-пойнтро иҷро кард. Басавередди бошад, 3-то эйсро бе хатои такрор анҷом дода, аз панҷто брейк-пойнт ягонтаашро ба даст оварда натавонист.

Ҳамакнун, Монфис дар даври ниҳоии мусобиқаи АТР-250 дар шаҳри Окленд, бо ғолиби ҷуфти Нуну Боржеши португалӣ ва Зизу Бергси белгиягӣ нерӯ месанҷад.