Ғалабаи таърихии “Истиқлол”

Ғалабаи таърихии “Истиқлол”

Қаҳрамони Тоҷикистон бошгоҳи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии даври дуюми марҳилаи муқаддамотии Лигаи Чемпионҳои Осиё бо барандаи медалҳои нуқраи Чемпионати Узбекистон "Локомотив"-и Тошканд андари майдони рақобат гардид. Соли гузашта дар ҳамин марҳила “Истиқлол” аз дасти намояндаи дигари футболи Узбекистон – АГМК бо ҳисоби 4 бар 2 мағлуб гардида, аз ҳаққи идомаи иштирок бенасиб монд.

Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Локомотив”-и шаҳри Тошканд баргузор шуда, бо ҳисоби 0 бар 1 бар нафъи Чемпиони 8-каратаи Тоҷикистон хотима ёфт. Дар қисми аввали дидор бозии баробар ҷараён гирифт, ва ба талошҳои тарафайн нигоҳ накарда, он бидуни гол анҷом ёфт.

Гарчанде дар тубидоракунӣ бозигарони “Локомотив” бартарии куллӣ доштанд, аз камин истода аз аксулҳамла истифода мекарданд. Ин боис гардид, ки дар дақиқаи 60-ум беҳтарин бозигари Тоҷикистон дар соли 2019, капитани “Истиқлол” Алишер Ҷалилов аз масофаи дур бо зарбаи қавиву нишонрасаш дарвозаи ҳарифро рахна карда, ҳисобро боз намуд.

Дар дақиқаҳои боқимонда, ба ҳамлаҳои пайдарпайи рақиб нигоҳ накарда, Истиқлол дарвозаи худро аз гол эмин нигоҳ дошт.

 0-1 – ғалабаи таърихии Истиқлол дар бонуфузтарин мусобиқаи бошгоҳии Осиё. Акнун чемпиони Тоҷикистон як қадами устувори дигар ба сӯи марҳилаи ниҳоии из мусобиқа гузошт.

Барои аввалин бор иштирок дар марҳилаи ниҳоии Лигаи Чемпионҳои Осиё “Истиқлол”-ро мебояд дар муборизаи навбатӣ бошгоҳи “Ал-Аҳлӣ”-и Арабистони Саудиро мағлуб намояд. 

Лига чемпионҳои КФО-2020 
Минтақаи Ғарбӣ
Марҳилаи дуюми интихобӣ
«Локомотив» (Ӯзбекистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 0:1
Гол: Алишер Ҷалилов, 60.
 
Плей-офф
28 январ (сешанбе)
«Ал-Аҳли» (Арабистони Саудӣ) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)