Гана бори 5-ум роҳхати Ҷоми ҷаҳонии футболро ба даст овард
Мунтахаби Гана бо ҳисоби 1 бар 0 муқобили тими Ҷазираҳои Комор дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 пирӯз шуд ва ба қисми ниҳоии мусобиқа роҳ ёфт.
Мунтахаби Гана дар марҳилаи интихобӣ дар «I» ҷойи аввалро ишғол кард ва пас аз 10 бозӣ 25 имтиёз ба даст овард. Ин дафъа барои панҷумин бор аст, ки мунтахаби Гана дар Ҷоми ҷаҳон ширкат мекунад. Беҳтарин натиҷаи тими миллии Гана расидан ба марҳилаи чаҳорякниҳоии мусобиқа дар Африқои Ҷанубӣ соли 2010 мебошад.
Мунтахаби Гана 21-умин даста шуд, ки ширкати худро дар Ҷоми ҷаҳон таъмин намуд. Қаблан роҳхат ба мусобиқаи ҷаҳониро мунтахабҳои Мексика, ИМА ва Канада (се мизбон), инчунин Ҷопон, Эрон, Кореяи Ҷанубӣ, Урдун, Австралия, Ӯзбекистон, Зеландияи Нав, Аргентина, Эквадор, Бразилия, Колумбия, Уругвай, Парагвай, Марокаш, Тунис, Миср ва Алҷазоир соҳиб шуда буданд.
Дар Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 бори аввал 48 мунтахаб иштирок хоҳад кард. Мусобиқа аз 11-уми июн то 19-уми июл баргузор мешавад.