Гана дар дақиқаҳои охир Панамаро мағлуб кард
Дар доираи бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол, мунтахаби Гана бар тими миллии Панама бо ҳисоби минималии 1:0 пирӯз шуд.
Вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Бимо Филд”-и Канада баргузор гардида, то лаҳзаҳои охир бо ҳисоби мусовии бидуни гол идома дошт. Дар ҳоле ки ҳама интизори садои ҳуштаки ниҳоӣ буданд, ниммуҳофизатгари мунтахаби Гана Калеб Йиренкйи дар дақиқаи 90+5 голи ягона ва ҳалкунандаи бозиро ба самар расонд ва ба дастааш се имтиёзи муҳим овард.
Бо ин пирӯзӣ мунтахаби Гана аввалин се имтиёзи худро дар гурӯҳи “L” ба даст овард. Дар ҳамин гурӯҳ инчунин мунтахабҳои Англия ва Хорватия ҳунарнамоӣ мекунанд. Қаблан дар бозии дигари гурӯҳ Англия бар Хорватия бо ҳисоби 4:2 ғалаба карда буд.
Ҳамин тавр, рақобат дар гурӯҳи “L” хеле ҷолиб идома дорад ва дар даврҳои оянда ҳар як имтиёз метавонад дар муайян шудани роҳхат ба марҳилаи плей-офф нақши ҳалкунанда бозад.