Гарет Бэйл аз Зинедин Зидан норозӣ аст

Гарет Бэйл аз Зинедин Зидан норозӣ аст

Нимҳимоятгари бошгоҳи футболи “Реал Мадрид” Гарет Бэйл аз ҳолати воқеии худ дар бошгоҳи мадридӣ қонеъ набуда, ин футболбози уэлсӣ дар тобистони меомада хостори рафтан аз Мадрид кардааст, хабар медиҳад журналисти испанӣ Гилерме Балаге. Аз рӯи маълумотҳои сарчашма Бэйл аз он норозӣ шудааст, ки вақти бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Қаҳрамонҳо бо “Брюгге” (2:2) дар курсии эҳтиётӣ монда буд ва вориди майдон нашуд. Бозигари уэлсӣ пурра ба он бозӣ омода буд, вале сармураббии “Реал” Зинедин Зидан ӯро шомили ҳайати асосӣ накарда буд. Ҳамин тариқ Гарет Бэйл иддао кардааст,ки ситоди мураббиён нисбаташ рафтори ноадолатона мекунад. Ин бозингар аллакай тобистони қаблӣ нияти рафтан аз даста намуда буд,аммо ахиран дар “Реал“ монд. Қарордоди ҷории Бэйл бошад бо бошгоҳи испанӣ се соли дигар мӯҳлат дорад. Қобили қайд аст,ки тобистони қаблӣ Гарет   Бэйл ба гузариши хеш ба яке аз бошгоҳҳои чиноӣ наздик буд,аммо дар фурсатҳои охирин “Реал Мадрид” аз фурӯхтанаш даст кашид.