Гарет Бэйл бозии Мбапперо зидди “Ливерпул” шарҳ дод

Гарет Бэйл бозии Мбапперо зидди “Ливерпул” шарҳ дод

Собиқ бозигари дастаи “Реал Мадрид” Гарет Бэйл дар бораи бозии номуваффақи ҳамлагари фаронсавӣ Килиан Мбаппе дар бозии даври 5-уми марҳилаи умумии Лигаи қаҳрамонҳо бо “Ливерпул” ҳарф зад. Бозӣ бо пирӯзии дастаи “Ливерпул” бо ҳисоби 2:0 дар “Энфилд” анҷом ёфт.

“Килиан Мбаппе беҳтарин бозигари ҷаҳон аст. Ин танҳо масъалаи вақт аст, ки ӯ мавқеъашро дар даста беҳтар кунад”, - иқтибос меорад Sport.es аз суханони Бэйл.

Ёдовар мешавем, ки дар дақиқаи 61-ум Мбаппе аз зарбаи  пеналтӣ  тӯбро ба дарвозаи  Кевин Келлеҳер зада натавонист. Ҳоло «Реал Мадрид» пас аз панҷ бозӣ бо шаш имтиёз дар ҷадвали умумии Лигаи Чемпионҳо дар ҷои 24-ум қарор дорад. «Ливерпул» бо 15 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқа маскан гирифтааст.