Гарет Бэйл дар мусобиқаи касбии голфҳои “PGA Tour” ширкат мекунад

Гарет Бэйл дар мусобиқаи касбии голфҳои “PGA Tour” ширкат мекунад

Собиқ ҳамлагари дастаи “Реал Мадрид” ва “Тоттенхэм” - Гарет Бэйл дар мусобиқаи касбии голфҳои “PGA Tour” ширкат хоҳад кард.  Бэйл аз 2 –юм то 5-уми  феврал дар мусобиқаи “AT&T Pebble Beach Pro-Am”  бо маблағи 9 миллион доллар, бо 156 голфбози касбӣ, аз ҷумла ғолиби  мусобиқаи  US Open - Мэтт Фитспатрик ва инчунин 156 дӯстдор рақобат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки пас аз Ҷоми Ҷаҳонии футбол дар Қатар –Гарет Бэйл аз анҷоми корномаи футболбозиаш хабар дода буд.