Гела Шекиладзе: “Бозӣ бо Филиппин душвор хоҳад буд, вале мо барои пирӯзӣ талош мекунем”

Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Гела Шекиладзе пеш аз бозии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» муқобили тими миллии Филиппин дар нишасти хабарӣ ширкат кард. Сармураббии дастаи мо аҳамияти вохӯрии дарпешистодаро зикр намуда, таъкид кард, ки футболбозон бо тамоми нерӯ тайёрӣ мебинанд.
Гела ШЕКИЛАДЗЕ, сармураббии тими миллии Тоҷикистон:
– Мо мефаҳмем, ки бозӣ осон нахоҳад буд. Дастаи Филиппин рақиби хубест, ки қодир аст барои ҳар даста мушкилӣ эҷод кунад. Мо омодагии хеле хуб гузаронидем, аввал дар Қатар, баъд дар Камбоҷа ва марҳилаи сеюми омодагӣ аллакай инҷо сипарӣ шуд. Ҷиҳатҳои қавӣ ва заъфи ҳарифро таҳлил кардем. Бозигарони мо аҳамияти вохӯриро мефаҳманд. Даста ба пуррагӣ диққати худро ба ин рақобат равона кардааст. Танҳо барои ғалаба бозӣ хоҳем кард. Умедворем, ки бо натиҷаи хуб мухлисони худро шод хоҳем кард.
Ёдовар мешавем, ки бозии Филиппин ва Тоҷикистон рӯзи 10 июн дар варзишгоҳи «Ню-Кларк-Сити» баргузор шуда, соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ (16:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.