Гифт Орбан дар се дақиқа хет-трик карда, рекорд гузошт

Дар бозии ҷавобии даври 1/8 ниҳоии Лигаи Конференсияҳо «Гент» дар сафар бар «Истанбул Башакшеҳир» пирӯз шуд.
Қаҳрамони воқеии вохӯрӣ ҳамлагари нигериягӣ Гифт Орбан буд, ки дар се дақиқа хет-трик кард. Орбани 20 сола ҳоло муаллифи тезтарин хет-трик дар таърихи мусобиқаҳои Аврупоӣ маҳсуб мешавад.
Дар ин мавсим Орбан дар 9 бозӣ дар ҳайати дастаи "Гент" ба майдон баромада, ба задани 12 гол ноил гардидааст.
Ҳамин тавр, дастаи «Гент» бо ҳисоби умумии 5:2 ғалаба карда, аввалин иштирокчии даври чаҳорякниҳоии мусобиқа гардид.
Лигаи Конференсияҳо | Даври 1/8-ниҳоӣ
«Истанбул» – «Гент» 1:4 (1:1 – бозии аввал)
Голҳо: Янузай, 88 – Орбан, 31, 32, 34, Кейперс, 37