Goal беҳтарин трансферҳои мавсими 2022/23-ро тартиб дод...

Goal беҳтарин трансферҳои мавсими 2022/23-ро тартиб дод...

Сомонаи расмии “Goal” рӯйхати беҳтарин трансферҳои мавсими 2022/2023 дар лигаҳои футболи  Аврупоро тартиб додааст. Раддабандии нашршуда 21 бозигарро  дар бар мегирад.

Ҷойи аввалро ҳамлагари норвегии  дастаи “Манчестер Сити” -  Эрлинг Ҳоланди 22 сола  ва  ҷойи  дуюмро Хвича Кваратсхелия аз дастаи “Наполи” гирифтанд.

Дар зинаи  сеюм Роберт Левандовски аз ҳайати дастаи “Барселона”  ҷойгир аст, ки тобистони соли гузашта аз “Бавария”  ба дастаи каталонӣ  гузариш намуда буд. Дар зинаи чаҳорум ин гузариши ниммуҳофизатгари дастаи “Реал Мадрид” -  Карлос Каземиро ба тими “Манчестер Юнайтед”  мебошад.

Феҳристи пурра чунин мебошад:

1. Эрлинг Ҳоланд (“Манчестер Сити”)

2. Хвича Кварацхелия (“Наполи”).

3. Роберт Левандовски (“Барселона”)

4. Каземиро (“Манчестер Юнайтед”)

5. Ким Мин Чже (“Наполи”)

6. Габриэл Жезус (“ Арсенал”)

7. Никлас Сюле («Боруссия»-и Дортмунд )

8. Энсо Фернандес (“Бенфика”)

9. Мануэл Аканҷи (“Манчестер Сити”)

10. Фоларин Балогун (“Реймс”).

11. Свен Ботман (“Нюкасл”)

12. Александр Ляказетт (“Лион”)

13. Андре Замбо Ангисса (“Наполи”)

14. Рандал Коло Муани (“Айнтрахт”-и  Франкфурт)

15. Хави Саймонс ( ПСВ)