Голҳои Месси дастаи “Интер Майами”-ро ба даври ¼-ниҳоии Ҷоми Лига баровард

Голҳои Месси дастаи “Интер Майами”-ро ба даври ¼-ниҳоии Ҷоми Лига баровард

Бошгоҳи «Интер Майами» дар даври 1/8 - ниҳоии Ҷоми Лига бар дастаи «Даллас» дар силсилаи пеналтӣ (4:4, 5:3) ғалаба кард.

Дар ҳайати тими шаҳри Майами Лионел Месси дубл ва Бенҷамин Кремански ва ҳимоятгари “Даллас” Марко Фарфан голи худгоро ба самар расониданд. Голҳои мизбононро Факундо Куинйон, Бернар Камунго ва Алан Веласко, нимҳимоятгари “Интер Майами” - Роберт Тейлор голи худголро ба самар расониданд.

Дар ҳамин ҳол, «Интер Майами» то дақиқаи 80-ум бо ҳисоби 3:4 шикаст хӯрда истода буд. Месси дар дақиқаи 85-ум аз зарбаи ҷаримавӣ ҳисобро баробар кард.

Барои Месси ин чаҳорумин бозӣ дар тими “Интер Майами” аст, ки дар он 7 гол задааст.