Гол ва ирсоли головари Модрич ғалабаи “Реал”-ро бар “Вилярреал” таъмин кард

Гол ва ирсоли головари Модрич ғалабаи “Реал”-ро бар “Вилярреал” таъмин кард

Бошгоҳи шоҳонаи «Реал Мадрид» дар бозии даври 17-уми Ла Лига дар варзишгоҳи боҳашамати «Сантяго Бернабеу» бар «Вилярреал» бо ҳисоби 4 бар 1 пирӯз шуд.

Бошгоҳи шоҳона дар ҳарду қисми бозӣ ба дарвозаи ҳариф ду голи зад. Дар охири нимаи аввали бозӣ Беллингем пас аз паси Модрич бо сар тӯбро вориди дарвозаи рақиб кард ва пас аз 12 дақиқа бартарии мизбононро Родриго дучанд намуд.

Бозигарони “Вилярреал” таслим нашуда, дар дақиқаи 54-ум бо голи Хосе Луис Моралес ҳисобро коҳиш доданд. Бо гузаро шудани 10 дақиқа Браҳим Диас ҳисобро 3 бар 1 ба фоидаи “Реал” кард. Дар дақиқаи 64-ум Лука Модричи 38 сола аз ҳайати бошгоҳи шаҳри Мадрид ба задани гол ноил гардид. Бо ҳамин ҳисоб бозии дастаҳо анҷом ёфту бошгоҳи шоҳона ба садри ҷадвали мусобиқот баргашт.

Дастаи Карло Анчелотти ҳоло 42 имтиёз дар ҳисоб дорад. “Жирона” бо 41 имтиёз дар ҷои дуюм аст ва имшаб бозии даври 17-умро муқбили аз зинаи аввали ҷадвали Ла Лига “Жирона”-ро дур кард. Аммо дастаи Каталония бозии худро дар даври 17-ум рӯзи душанбеи 18-уми декабр бо “Алавес” баргузор мекунад. «Вильрреал» дар зинаи 14-ум бо 16 хол имтиёз маскан гирифтааст.