Гол ва ирсоли головари Нунйес ба Уругвай 3 имтиёз овард
Дар доираи бозиҳои даври 4-уми марҳилаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон -2026 мунтахабҳои Уругвай ва Бразилия ба ҳам омаданд. Вохӯрии мунтахабҳо дар варзишгоҳи “Сентенерио”-и шаҳри Монтевидео баргузор шуда, бо ҳисоби 2 бар 0 ба суди уругвайиҳо анҷом ёфт.
Ҳисоби бозиро ҳамлагари дастаи “Ливерпул” ва тими миллии Уругвай – Дарвин Нунйес дар дақиқаи 42-юм боз кард. Нунйес дар қисми дуюми бозӣ дар дақиқаи 77-ум ба Николас Де Ла Круз ирсоли головар анҷом дод. Де Ла Круз голи дуюми Уругвайро дар ин бозӣ ба самар расонид.
Мунтахаби Бразилия дар ин бозӣ умуман ба худ набуд ва аз Уругвай дида, заифтар дар майдон баромад кард. Аз лиҳози оморҳои бозӣ уругвайиҳо аз бразилиҳо пешгомтар буданд.
Ин ғалабаи 2-юми тими миллии Уругвай дар марҳилаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон – 2026 аст. Қаблан, Уругвай бар мунтахаби Чили (3:1) ғалаба карда, аз Эквадор (1:2) мағлуб шуд ва бо Колумбия (2:2) мусовӣ карда буд.
Бразилия дар 4 даври мусобиқа 2 ғалаба бар мунтахабҳои Боливия (5:1), Перу (1:0) ва 1 мусовӣ бо Венесуэла (1:1) доранд.
Бозии навбатии Уругвай бо Аргентина аст, ки рӯзи 17-уми ноябр доир мегардад. Бразилия дар ҳамин рӯз ба меҳмонии Колумбия меравад.
