“Голден Стэйт” бидуни Стефен Карри “Хюстон”-ро шикаст дод

“Голден Стэйт” бидуни Стефен Карри “Хюстон”-ро шикаст дод

Бозии навбатӣ дар Ассотсиатсияи миллии баскетбол (NBA) миёни дастаҳои «Голден Стэйт Уорриорз» ва «Хюстон Рокетс» ба охир расид. Вохӯрии дастаҳо дар шаҳри Сан-Франсискои штати Калифорнияи ИМА доир гардида, бо ҳисоби 99:93 ба фоидаи тими «Голден Стэйт Уорриорз» анҷом ёфт.

Бозигари сермаҳсули вохӯрӣ ҳуҷумкунандаи хурдии “Голден Стэйт” Ҷонатан Куминга буд. Ӯ 33 хол, 7 бозёфти тӯб ва 2 ассист кард. Дифоъгари тими мизбон Стефен Карри бинобар сабаби осеб дар ин бозӣ ширкат накард.

Ин пирӯзӣ ба “Голден Стэйт” имкон дод, ки силсилаи шикасти панҷ бозиро хотима диҳад. “Хюстон” дар бозии дуюми худ пайиҳам мағлую шуд.