Голи Антуан Семенйо ғалабаи “Ман Сити”-ро таъмин намуд
Бозии аввали марҳилаи нимниҳоии Ҷоми Лигаи Англия анҷом ёфт, ки дар он “Нюкасл Юнайтед” ва “Манчестер Сити” ба ҳам омаданд. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Сент-Ҷеймс Парк” –и Нюкасл-апон-Тайн баргузор шуда, бо пирӯзии “шаҳриҳо” бо ҳисоби 2:0 анҷом ёфт.
Ҳисобро дар дақиқаи 53-юми бозӣ Антуан Семенйо ба фоидаи “Манчестер Сити” боз намуд. Барои Семенйо дуюмин бозӣ дар ҳайати “Манчестер Сити” пас аз гузариш аз “Борнмут” аст. Семенйо дар бозии дебютиаш муаллифи гол ва паси головар дар Ҷоми Англия шуда буд.
Дар дақиқаи 90+8 ум ҳамлагар Райан Шерки голи дуюми “шаҳриҳо”-ро ба самар расонид.
Бозии ҷавобии марҳилаи нимниҳоӣ байни “Манчестер Сити” ва “Нюкасл” рӯзи чоршанбеи 4-уми феврал баргузор мешавад. Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Иттиҳод”-и шаҳри Манчестер сурат мегирад.
Ёдовар мешавем, ки “Нюкасл” қаҳрамони феълии Ҷоми Лигаи Англия мебошад. Дар финали мусобиқаи қаблӣ дастаи Эдди Ҳау “Ливерпул”-ро бо ҳисоби 2:1 мағлуб карда буд.