Голи аввалини Мбаппе бо пироҳанҳои “Реал Мадрид” дар Лигаи Қаҳрамонҳо
“Реал Мадрид” барандаи феълии Лигаи Чемпионҳои УЕФА мебошад. Килиан Мбаппе аввалин маротиба бо либосҳои “Реал Мадрид” дар Лигаи Чемпионҳо ба майдон баромад.Дар дақиқаи 46-ум ҳамлагари фаронсавӣ голи аввалини худро дар ҳайати мадридиҳо дар Лигаи Қаҳрамонҳо ба самар расонд.
Инчунин, баъди задани ин гол ӯ дар раддабандии умумии нишонзанҳои Лигаи Чемпионҳо аз Златан Иброҳимович пеш гузашт. Ҳоло Мбаппе 49 гол ва Златан 48 гол дорад.