Голи Беллингем ба “Реал” иқбол овард

Голи Беллингем ба “Реал” иқбол овард

Бозии даври 1-уми гурӯҳи «С»-и Лигаи Чемпионҳо миёни дастаҳои «Реал Мадрид»-и Испания ва «Унион Берлин» -и Олмон ба анҷом расид. Дастаҳо дар варзишгоҳи «Сантяго Бернабеу»-и шаҳри Мадрид дар ҳузури 65 207 нафар мухлис баргузор гардида, бо ҳисоби минималии 1 бар 0 суди дастпарварони Карло Анчелотти анҷом ёфт. Бозиро ҳайати доварон бо роҳбарии Эспен Эскаси норвегӣ ҳакамӣ карданд.

Ягона голи дастаи “Реал Мадрид”-ро Ҷуд Беллингем ба самар расонид. Беллингем 1 дақиқа мондан то анҷоми бозӣ тавонист, ки ба задани гол ноил гардад ва ба дастааш 3 имтиёз биёрад. Ин аввалин голи Беллингем дар ҳайати “Реал Мадрид” дар Лигаи Чемпионҳо аст. Қаблан, ин бозигари ҷавони англис дастоварди Роналдуро дар ҳайати “Реал” такор карда буд. Аниқтараш ба ӯ муяссар шуд , ки дар 4 бозии аввали “Реал” пайиҳам ба задани гол даст ёбад.

Омори дигари ин бозӣ ин аст , ки бозигарони бошгоҳи шоҳона ҷониби дарвозаи тими “Унион Берлин” 30 зарбаи мустақим заданд, дар сурате, ки дастаи рақиб танҳо 3 зарбаи мустақим дошт.

Дар гурӯҳи “С” ба ҷуз аз «Реал Мадрид» ва «Унион Берлин», «Наполи» ва «Брага» бозӣ мекунанд. Дар бозии дигари гурӯҳ дар варзишгоҳи “Городской”-и шаҳри брага дар ҳузури 18 422 нафар мухлис дастаҳои “Брага” ва “Севиля” бозӣ карданд. Вохӯрӣ бо ҳисоби 1 бар 2 ба суди дастаи шаҳри Неапол анҷом ёфт. Аввали моҳи октябр «Унион Берлин» бо «Брага» ва «Наполи» бо «Реал Мадрид» вомехӯранд.